ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Муҳамад Ҷаводи Зариф дар Твиттер бо таслияти даргузашти амири Кувайт навишт : «хабари даргузашти марҳум шайх Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, амири Кувайт, ки тасвире аз эътидол ва миёнаравиро барои Кувайт ва минтақа тарсим карда буд, қалби моро ба дард овард . Аз худованди мутаъол хоҳонем эшонро қарӣини раҳмат қарор дода ва давлати Кувайт ва мардуми онро дар сояи давлати ҷадид аз амният, субот, пешрафт ва шукуфоӣ бархурдор гардонад.»
Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ амири Кувайт рӯзи сешанбе дар синни 91 солагӣ даргузашт.
Пас аз даргузашти Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, ҳукумати Кувайт бо пахши як изҳорот эълом дошт, ки Наваф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, валиаҳди собиқ, амири нави Кувайт таъин шудааст.
342/